Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ҳаҷми миёнаи нафақа дар ВМКБ бештар будааст
Андозаи миёнаи нафақа дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 337 сомониро ташкил медиҳад. Ин нукта дар нишасти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон таъкид шуд.
Назокат Одиназода, муовини аввали директори ин оҷонсӣ имрӯз, 17 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ин нишондод дар шаҳри Душанбе 371 сомонӣ, дар вилояти Хатлон 261 ва вилояти Суғду шаҳру навоҳии тобеи марказ 260 сомонӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон теъдоди умумии нафақагирон ба 660610 нафар мерасад. Ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 26057 ё 3,9 дарсад бештар аст. “Аз теъдоди умумии нафақагирон феълан нафақаи 4785 нафар муваққатан боздошта шуда, дар муоинаи такрории тиббии Хадамоти давлатии ташхиси тиббии иҷтимоии Вазорати тандурустӣ қарор дорад”,-афзуд Одиназода.
Акс аз интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |