Беҳтар нест, “оффшор”, “террор”, “Донбасс”-ро “офшор”, “терор”, “Донбас” бигӯем?

Вожаи “офшор” солҳои охир ба забони мо даромад. Шӯхиомез гӯям, мардуми мо миллионҳо ё шояд миллиардҳо доллар дода, ин калимаро харид. Шираю ширинии ин сармояҳои бохта, вожаи бегонаро хеле зуд ва сахт ба забони матбуот ширеш кард.
“Оffshore” аз англисӣ маънии “берун ё дур аз соҳил”-ро медиҳад, яъне маконе дар баҳр ё уқёнус, ки аз соҳили қитъа (қора) канор ва дур аст.
Агар забондонҳои мо сари вақт ба пой рӯйи забони мо гузоштани ин вожаи бегона вокуниш мекарданд, шояд “ҷазира” барои он беҳтар буд. Вале “офшор” ба маънии соҳибкорие вориди забон шуд, ки на дар худи кишвар, балки дар ҷазираҳое дур аз он сабти ном шудаву сармояашро он ҷо пинҳон медорад ва ба кишвари “мизбон”-аш боҷу андоз намедиҳад. Дар зимн, на ҳар кас “офшорӣ” шуда метавонад, балки онҳое, ки пуштупаноҳи тавоно доранд.
Дар англисӣ ин вожа ду “ф” дорад ва матбуоти мо онро ба ду шакли “оффшор” ва “офшор” менависад. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз забонҳо, аз ҷумла русӣ ва чехӣ онро бо як “ф” пазируфтаанд. Аммо чаро мо бо ду ҳарфи “ф” менависем? Оре, моро одат шудааст, калимаҳои хориҷиро тавре ба забон оварему нависем, ки ба забони асл монанд ё ҳатто яке бошад. Камбуди озодӣ ва ғалаёни худкамбинию бардагии забонӣ! “Террор”, “Донбасс”, “стресс”, “саммит”, “коррупсия”, “комиссия”, “коммунист”, “сессия”, “программа”, “аппарат”, “теннис” ва ғайра ва ҳоказо!
Ҷолиб аст, онҳое ки аз зинда шудани вожаҳои бостонии забонамон чун “ҳамоса”, “хумпора”, “сарҳанг”, “парвона” ё корбурди вожаҳое монанди “тундгароӣ” ё “зоднома” фиғон мебароранд, ки забонро “эронча” кардем, аз сели чунин вожаҳои бегона, ки на танҳо бе душворӣ вориди забон мешаванд, балки табиату оҳанги онро вожгун мекунанд, ҳаргиз нороҳат намешаванд.
Вожаҳои “байнулмилал” (?) дар забоншиносии мо “калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ” номида мешаванд ва мухлису тарафдорони зиёде доранд. Яке аз онҳо ҳамеша бо банда баҳс мекунад ва то ҷое ки донистам, барояш беҳтарин роҳ он аст, ки чунин вожаҳо баргардон нашаванд. Пас забони мо аслан чӣ даркор аст? Шояд ҳамаи вожаҳояшро бо калимаҳои русӣ иваз кунем? Зери бори русӣ мондани забони модарии моро як намуна ба гунаи хеле барҷаста исбот мекунад. Дар кишварамон ниҳоде ҳаст, ки «Комиссияи олии аттестатсионии диссертатсионӣ” ном дорад. Касе ки инро сохтааст, танҳо як паём доданист, ки забони мо як забони нотавону бечора, сунъӣ ва ҳатто нодаркор аст. Касе инро сохтааст, ҳамаи шиорҳои пурифтихори ширинии забони мо ва пуштвонаи бузурги таърихии онро, ки борҳо аз забони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Pаҳмон садо додаанд, ба хоки сиёҳ баробар кардааст. Магар ин забон зарфияте барои номгузории чунин ниҳодро надорад?
Аслан вожаи дӯстдоштаи мақомоти мо — «комиссия” дар инглисӣ (commission) ду овои “м” дорад, аммо чун русҳо онро бо як “м” ва ду “с” (маълум нест, чаро, шояд хостаанд, ба истиқлоли забонии худ таъкид кунанд) пазируфтаанд, мо низ, ҳамчун бародарони содиқи “хурдӣ” ва мардумоне, ки то омадани русҳо ба сарзаминамон забону дабираи худро “надоштем”, онро ба ҳамин шакл қабул кардем. На танҳо ин, балки тамоми вожаҳои, ба истилоҳ, “ғарбӣ”-ро.
Иттифоқан, чехҳо ва ақвоми дигари Аврупо ҳамаи ин вожаҳоро бе ташдид пазируфтаанд, зеро табиати забонашон ҳаминро тақозо кардааст. Оё забони модарии мо талабу шарту тақозое дар ин пайт дорад?
Дар имлои наве, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз 4 октябри соли 2011 эътибор пайдо кардааст, ба тарзи навишти вомвожаҳои арабӣ бо ташдид ишора шудааст. Аз ин ҷойи гурез нест, форсӣ ин вожаҳоро таърихан якҷо бо қолабҳои тафаъъулу муфаъъалу мутафаъъил ва монанди инҳо қабул кардааст. Вале дар мавриди дигар гуфта мешавад, “арра, барра, пашша, бурро” низ як сабки таърихиянд, ҳол он ки ин ҷо ташдид бо тақозои задаи тоҷикии форсӣ дар вожаҳои хатмшаванда бо ҳиҷои боз ё садонок омадааст. Таври маълум ин зада дар ҳиҷои охир меафтад.
Дар бархе аз пайтҳо ташдид гирифтани ин ё он ово дар вожа бо такрор шудани ду ҳарфи ҳамсон дар пайванди решаҳо ба миён омадааст: “дарав” – даравидани алаф ва “даррав” – зуд, тез, ҳангоми рафтан, раҳораҳ. Лек дар ин росто, чаро баъзе аз нигоргарон “парранда” менависанд, нофаҳмост. Оё манзурашон рандаест, ки аз пар сохта шудааст ё махлуқе, ки парвоз мекунад?
Вале ба сурати умум, тавре забрншиноси фарҳехта Қамчин Чилазода дар як пажуҳишаш навишта буд, ташдид ба забони мо зиёд хос нест, балки бештар истисност ва хуб буд, агар аз ташдидҳои бешумору нозарур раҳо шавем, чун ба табиату оҳанги зотии забон асари ногувор дорад. Биноан, қоидаи дақиқтари имло дар ин бахш беҳтар аст.
Дар шакли асл пазируфтани ташдидҳои инглисӣ ва байнулмилалӣ низ дар поёни кор ба забони модарии мо таъсири худро хоҳад гузошт. Майли ҳамаи забонҳои дунё ба баёни осону сабук ва кутоҳ аст. Пас беҳтар нест, агар ба ҷойи “оффшор”, “террор”, “Донбасс”, “стресс”, “саммит”, “коррупсия”, агар вожаҳои ҳамсанг надорем, бинависем “офшор”, “терор”, “Донбас”, “стрес”, “самит”, “корупсия”? Сабуктар, осонтар ва кутоҳтар.
Агар на, онҳое, ки тарафдори ҳифзи ташдид дар чунин вомвожаҳоянд, чӣ далели илмию ҳуқуқӣ доранд, ки ҳатман бо ташдидашон ба забони мо ворид шудани ин вожаҳоро исбот мекунад?
Салими АЮБЗОД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |