Манбаъ афзуд, дар ҷараёни тафтиши мошин дар дохили он сумкаи варзишие кашф ва мусодира шуд, ки дорои 10 бастаи пур аз ҳероин буд. Озмоишгоҳи ташхиси судии агентӣ 10 кило будани бори дохили бастаҳоро тайид намуд. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, КҶ-и Тоҷикистон (нигаҳдории маводи мухаддир ба андозаи калон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳ дошта мешаванд.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки кӯшиши дуввуми қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба кишвари мо дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси дигар дар қаламрави ВМКБ пешгирӣ карда шуд. Кормандони раёсати агентӣ дар ин вилоят шаҳрванди 22-солаи Афғонистон, ки корманди Комиссариати хадамоти сарҳадии ноҳияи Шуғнони ин кишвар будааст, ба гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот боздошт намуданд ва ҳангоми кофтуков аз ӯ ҳероин мусодира намуданд. Бино ба қавли манбаъ, тайи 11 моҳи охир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 83 килову 280 грамм воситаҳои нашъаовар мусодира арданд, ки 496 килову 898 килои онро ҳероин ташкил медиҳад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |