Сафорати Туркия: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар табаддулоти давлатӣ мустақиман даст надоштанд (ВИДЕО)

Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар табаддулоти нокоми давлатии Туркия дар як соли пеш мустақиман даст надоштанд. Ӯ ин нуктаро 14 июл дар як нишасти хабарӣ бахшида ба солгарди ин кудето изҳор дошт.
Оқои Қаҳрамон гуфт, танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз ин табадуллот дар Туркия боздошт гардид. Кордори сафорат аз ин нафар ном набурд, аммо тахмин мешавад, ӯ Тоҳир Саидзодаи 26-сола аст. Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Саидзода баъди 8,5 моҳ аз зиндон раҳо шуда, ба ватан баргаштааст. Худи Тоҳир, ки фориғуттаҳсили яке аз литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аст ва то замони боздошташ ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳи байналмилалии Анталия кор мекард, моҳе пеш бо Радиои Озодӣ гуфт, тасодуфан дастгираш кардаанду вай давоми қариб як сол барои исботи бегуноҳиаш аз дохили боздоштгоҳ мубориза бурд.
Туркия дар табаддулоти нокоми 15 июли соли 2016 Фатҳулло Гюлен, яке аз руҳониёни маъруфи муқими Амрикоро муттаҳам медонад. Дар пайи ин табаддулот ҳазорҳо тарафдори Гюлен дар Туркия боздошт шуд ва ҳукумати ин кишвар аз давлатҳое, ки литсейҳои туркӣ фаъол буданд, дархост кард, онҳоро бубанданд.
Дар Тоҷикистон ҳам шаш чунин муассисаи таълимӣ фаъол буд, ки ҳоло табдили ном кардаанд. Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, ҳам гуфт, ҳоло ин мактабҳо дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор доранд. Ба қавли вай, ҳамчунин як мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба ташкилоти Гюлен марбут буд, ба ихтиёри Вазорати умури хориҷӣ гузашт. Бар иловаи литсей ва мактаби байналмилалӣ созмони “Диалог”, ки ҳамчунин гуфта мешуд ба Фатҳуллоҳ Гюлен таалуқ дорад, баста шуд. Котиби аввали Сафорати Туркия мегӯяд, баъди баста шудани мактабу созмонҳои марбут ба Гюлен теъдоди тарафдорони ӯ дар Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |