Расулзода: Боре нашудааст, ки зарардидаҳо дар кӯча монанд (АКС)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳи вазирони мудофиа, нақлиёт, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулони ҳукумат аз минтақаи зарардида ва кули сунъӣ дар деҳаи Хостави ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз боздид кард.
Дар ин бора имрӯз, 14-уми июл Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати ВМКБ дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.
Тибқи иттилои Асламшоева сарвазир дастур додааст, кӯли сунъӣ, ки 800 метр роҳро зер кардааст, бартараф ва роҳ барқарор шавад: “Таъкид гардид, ки аз истифода баромадани ин қисмати роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқуррум ба воридоти маҳсулот аз Чин таъсири манфӣ мерасонад ва ҳамчунин ба нарху наво дар бозорҳо бетаъсир нахоҳад монд”.
Асламшоева афзуд, ки барқароркунии ин қитъаи роҳ ба зиммаи ширкати роҳсозии чинӣ, ки дар кишвари мо фаъолият дорад, вогузор гардид.
Расулзода инчунин роҳбарияти ВМКБ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятро муваззаф кардааст, ки зарарро воқеъбинона ҳисоб кунанд ва то фасли сармо оилаҳои ҷабрдидаро ба хонаҳои нав таъмин намоянд.
Сарвазир ба сокинони зарардида изҳор доштааст, ки тақдири минбаъдаи онҳо таҳти таваҷҷуҳи шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад: “То ба ҳамин давра бо шарофати сиёсати инсонпарваронаи роҳбари давлат ягон оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ягон гӯшаи чумҳурӣ дар кӯча намондааст”.
Асламшоева афзуд, ки алаккай мавзеъ барои бунёди хонаҳои нав дар деҳаи Яхчасори Дарвоз муайян гардида, замин барои зарардидагон тақсим карда шуд: “Ҷиҳати таъмини масолеҳи сохтмонӣ ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумат дастур дода шуд, ки ба саҳлангорӣ роҳ дода нашавад ва сари вақт масолеҳ дастрас карда шаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |