16 соли зиндон барои пайравӣ аз ДИИШ, “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ” ва “зархаридӣ”
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як муҳоҷири меҳнатии тоҷикро дар пайвастан ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ”, “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ” ва “зархаридӣ” гунаҳкор дониста, 16 сол равонаи зиндон кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз маҳкумшуда Мирсаид Мирзоев ном бурда хабар медиҳад, ки ӯ соли 2013 ҳангоми дар шаҳри Ступинои вилояти Москави Русия қарор доштанаш “мақсад ва ғояҳои ДИИШ-ро ҷонибдорӣ намуда, шаҳрвандони Тоҷикистон - Авазов С.А., Солиев Ҳ.Э., Шавқат, Тоҳир ва Ғуломро барои ба давлати Сурия рафтану муқобили ҳукумати қонунии ин кишвар ҷангидан талқин кардааст”.
Ба иттилои манбаъ, Мирзоев моҳи сентябри соли 2015 бо қасди Сурия ба шаҳри Истанбули Туркия сафар мекунад ва бо аъзои фаъоли ДИИШ вохӯрда, “ҷиҳати даъват намудани шаҳрвандон барои аъзогӣ ба ташкилоти зикргардида моҳи октябри соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст”.
Додситонии кулл мегӯяд, Мирсаид Мирзоев баъди баргаштан боздошт шуда ва ахиран Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |