Маргу ҷароҳат дар ҷои кор: Кӣ, чӣ қадар ҷуброн бояд диҳад?
Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли равон 12 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуданд, ки 4 кушта ва 8 маҷруҳ барҷой гузоштаанд.
Раҳим Санъат Асо, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳодисаҳои нохуш хушбахтона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад кам шудаанд.
Тибқи иттилои раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарӣ ҳодисаҳои нохуши маргбор дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ, НБО “Роғун”, Комбинати металлургии тоҷик ва ширкати “БИ Ю Тоҷикистон” рух додаанд: “Шоми 7-уми июн дар пайи ҳодисаи нохуш барқчӣ Иқбол Давлатов, соли таваллудаш 1979 дар майдони сохтмони Роғун, 22-юми май нақбкан Сюй Куй дар “Би Ю Тоҷикистон”, нақбкан Фу Ченгюн дар ноҳияи Айнӣ ва 20-уми январ фаррош Ҳилол Таварова дар пажуҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ба ҳалокат расидааст”.
Раҳим Санъат Асо таъкид намуд, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон агар дар пайи ҳодисаи нохуш дар ҷои кор коргар ҳалок гардад, корфармо уҳдадор аст, ки ба хонаводаи ҷабрдида 60 маоши воқеӣ ҳамчун кумаки яквақтаина пардохт кунад: “Дар сурати ҷароҳат бардоштани корманд бояд 12 маоши воқеӣ, маоше, ки корманд мегирифт, пардохт карда шавад”.
Раиси Хадамот изҳор дошт, ки масъалаи пардохти ҷуброн таҳти назорат аст, ҷониби ҷабрдида аз кӯмак бархӯрдор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |