Вазири корҳои дохилӣ мехоҳад истеъфо диҳад, аммо президент розӣ нест

Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов талош дорад, ки истеъфо диҳад, аммо президенти он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аризаи ӯро намепазирад. Дар ин бора ба бахши туркмании Радиои Озодӣ ду манбаъ аз Ишқобод хабар доданд.
Искандар Муликови 42-сола, ки дар чанд вақти охир якбора ду танбеҳ гирифт, аз бадшавии сиҳатиаш шикоят дорад. Сарчашмаҳо мегӯянд, вазир ҳадди ақал як маротиба аз президент истеъфо хост, аммо дархости вай рад шуд.
"Муликов дар вазъи баде қарор дорад, зеро медонед, ки роҳбари давлат дар наздиктарин фурсат ӯро ба таври оммавӣ ба истеъфо мефиристад. Эҳтимол аст, ки Муликовро ҳам сарнавишти додситони кулли пешин Аманмират Халлиев интизор аст, аз ҳамин хотир вай мехоҳад худаш истеъфо диҳад", - мегӯяд як манбаи наздик ба ҳукумат.
Ёдрас мешавем, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат 4 май додситони кул Аманмират Халлиевро аз мақом барканор карда, додситону зердастонашро бо мансабдорони ВКД дар фасодкорӣ айбдор кард. Дар ҳамин ҷаласа Халлиев аз президент танбеҳи шадид гирифт. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки додситони пешин ҳамроҳ бо чанд зердасташ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ҳанӯз дар моҳи май сарчашмаҳо хабар доданд, ки Искандар Муликовро ҳам "хатарҳо" таҳдид мекунанд. Сабаби хашми Бердимуҳаммадов нисбати мақомдоронаш иҷро нашудани фармонҳои президент барои ҷамъоварии маблағ аз тоҷирони сарватманд аст, ки ин маблағҳо бояд дар Бозиҳои Осиё харҷ шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |