Шоҳиён: Пешво муқаддас аст, дар борааш филми бадеӣ меофарем (САДО)

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон масъалаи ҳатмӣ будани талаффузи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат дар телевизион ва радиоро ҳангоми зикри номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод.
Шоҳиён имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар масъалаи Пешвои миллат мо бояд ифтихор кунем. Гузаштаи худ, вазъи телевизион, журналистҳоро дар 10-20 соли пеш ба назар орем, ки дар кадом ҳолат буд. Ҳар касе виҷдон дорад, бояд қадри ӯро донад. Пешвои миллат барои ҳама муқаддас, азиз ва бузург аст”.
Раиси Кумитаи телевизион иттилоъ дод, ки як филми бадеӣ дар бораи Нурсултон Назарбоев зери унвони “Небо моего детства”-ро тамошо кардааст, ки хеле хуб буд ва Кумита ният дорад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон низ филми бадеиро офарад: “Ҳозир яканд пешниҳодҳо ҳастанд, дар сурати пешниҳоди сенарияи хуб мо ин корро амалӣ мекунем”.
Шоҳиён даъват намуд, ки як озмун барои дарёфти сенарияи хуб барои филми бадеӣ дар бораи Э.Раҳмон ташкил шавад ва аз журналистон даъват кард, ки дар озмун иштирок намоянд.
Ӯ таъкид кард, ки барои таҳияи филми бадеӣ дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон иқтидори техникию молиявӣ фароҳам аст, танҳо бояд ҷанбаи бақуввати эҷодӣ таъмин шавад: “Ҳатто спонсор ҳам дорем, мехоҳанд ин филмро сармоягузорӣ кунанд. Мо инро амалӣ месозем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |