Бахшҳо
14 июл 2017 09:22Тоҷикистон / Сиёсат

САДО: Шоҳиён дар бораи “рӯйхати сиёҳ” ва даъвои А.Абдуқаҳҳор: Мушк он аст, ки худ бибӯяд

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мавҷудияти “рӯйхати сиёҳ”-ро дар Кумита рад карда, изҳор дошт, ки барои кори рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар радио ва телевизион ягон монеа нест.

Шоҳиён имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи даъвои Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дастпарвардаи худи Кумитаи телевизион ва радио аст. Дар сурати пешниҳоди лоиҳаҳои нав мо омодаем, ҳамкорӣ кунем”.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки барои кор дар ниҳоди тобеяш ягон мамнуият нест: “Фақат рӯзноманигоронро зарур аст, фаҳмишу завқи худро ба замони муосир мувофиқ кунанд ва дар радиою телевизион фаъолият намоянд”.



Ахиран Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва раиси пешини Радиои Тоҷикистон гуфт, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон садо ва симояшро дар телевизион мамнуъ кардааст. Ҷаноби Абдуқаҳҳор дар посух ба суоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди далоили баромад накарданаш дар телевизионҳои Тоҷикистон ва рӯй оварданаш ба интернету маҷаллаҳо гуфт: “Вақтҳои охир баъзеҳо суол медиҳанд, ки чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо вақтҳои охир бештар менависию дар радиотелевизион намебинему намешунавем. Ҷавобашро ҳоло мегӯям. Раиси Кумитаи ТВ ва Радио садову симоямро баставу дар "рӯйхати сиёҳ" шомилам намудааст, ростӣ сабабашро худам ҳам намедонам”.

Иддаои Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди шомили “рӯйхати сиёҳ” буданаш дар ҳолест, ки ӯро ҳамчун ровии маъруф мешиносанд ва собиқаи 15-солаи кор дар телевизионро дорад. Дар гузашта 5 сол директори Радиои Тоҷикистон ҳам буд ва 2 сол ба ҳайси раҳбари "ТВ Пойтахт" фаъолият кардааст. Барои "садоқат ба Ватан ва тарғиби арзишҳои миллӣ" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо "Ордени шараф" сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Мард хамавакт мардай нолидан даркор нест !

беном
Устод Пирзода дуруст мегуянд!

Дар куҷо дидаед, ки роҳбар тавони онеро дошта бошад, ки бо зердасти аз худаш донишманду кордонтар хуб муомила кунад? Абдуқодир журналист аст, чеҳра аст, босавод аст, донишманд аст, исломро ба дараҷаи олияш медонад. Ба ҳар коре, ки даст занад муваффақ мешавад. Барои "садоқат ба Ватан ва тарғиби арзишҳои миллӣ" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо "Ордени шараф" сарфароз гардидааст.

Устод Абдукодири Абдукаххор бехтарин журналист аст. Хаминхел шахсият ба вазифаи раиси Кумитаи телевизион меарзанд. У журналисти амали аст ва аз кори журналисти хуб огох мебошаду маводи хуб менависад. Дар замони дар радио ва телевизион буданаш барномахои намунави дошт. Мутаассифона мо имруз дар расонахо хусусан ТВ ва радиохои кишвар ягон барномаи муаллифии Махмадсаид Пирзодаро надидем. Кор ба воситаи гап пеш намеравад! рохбарон бояд намуна бошанд...

Ин Абдуқодири Абдуқаҳҳор худаш ки будаст ки уро дар руйхати сиёх чойгир кардаанд? Агар аз руйхати сиёх уро бардоранд, чи мегуфта бошад? Бе инам хама эфир пур аз таърифу тавсифи як шахс аст. Чи лозим як лаганбари иловаги?

тамошобин,Ман аз бегонагон харгиз нанолам,Ки бо ман хар чи кард он ошно кард. Бародар мегум хдтда як савол надоди хдт кии))?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)