Эълони шахсияти муҳоҷироне, ки дар садамаи Самара ҷон додаанд (ВИДЕО)

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ному насаби муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар пайи як садама дар Самара ба ҳалокат расиданд, муайян кардааст.
Расонаҳои русӣ дирӯз навиштанд, субҳи 13 июл бар асари бархӯрди “Ҳундай Солярис” ба боркаши "Рено Магнум” дар шоҳроҳи Толятти–Сизран 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, якеи дигар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Як масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” аз муҳоҷирони ҳалокшуда Раҳимов Кенҷа Аҳмадович соли таваллудаш 1963, Роибов Муҳаммадӣ Пирмахмадович соли таваллудаш 1997, Бойқулов Маҳмудҷон Алимхонович соли таваллудаш 1984 ва Саидмуродов Мурод Саидмуродович соли таваллудаш 1963 ном бурд. Ба иттилои ӯ, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Мирзоев Ҳоким Мадалиевич соли таваллудаш 1975 феълан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Жигулевск қарор дорад: “Қазия зери назари масъулини намояндагӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия мебошад. Ҳоло наздикони ду нафар аз ин муҳоҷиронро пайдо кардем ва бо онҳо дар тамос ҳастем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |