Аз майдон ба мансаб: Чаро Чориева камнамо аст? (ВИДЕО)

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар мавриди камнамо будани Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик дар майдони қувваозмоиҳо посух дод.
Абдуллозода имрӯз, 13-уми июл, зимни посух ба суол дар мавриди Чориева аз мушкил ва пурэҳсос будани лаҳзаи тарки майдони касбӣ барои варзишгарон суҳбат кард: “Ҳар як варзишгар лаҳзае аз майдони варзиш бо мухлисонаш хайрухуш мекунад, ки худаш қувват, имконият ва фаъолияти минбаъдаи варзишияшро таҳлил кардааст. Мушкилтарин ва пурэҳсотарин ҳолат ба андешаи ман хайрухуш кардан бо мухлисон ва тарки майдони варзиши касбӣ кардан аст”.
Раиси Кумита бо зикри мутахассис ва мураббии хуб будани Мавзуна Чориева таъкид намуд, ки чунин шахсон барои соҳаи варзиши Тоҷикистон заруранд.
Абдуллозода иттилоъ дод, ки Кумитаи олимпии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Мавзуна Чориеваро ба кор даъват кардааст ва айни ҳол муштзани тоҷик дар мақоми мудири шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпӣ кор мекунад: “Минбаъд фаъолияташро баҳри рушди варзиши касбӣ дар Кумитаи мазкур идома хоҳад дод. Мавзуна Чориева дар назди миллат хизматҳои шоён кардааст ва аз тамоми имтиёзҳои мавҷудаи ҳукумат бархӯрдор мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки Мавзуна Чориева худаш расман аз тарки майдони касбӣ карданаш хабар надодаст. Номи Мавзуна Чориева баъд аз гирифтани медали биринҷӣ дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон вирди забон шуд. Хонум Чориева баъди пирӯзияш дар Олимпиада моҳи октябри соли 2012 издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби фарзанд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |