Мақоми нави Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳбарии Кумитаи тадорукоти Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои варзиши миллиро ба уҳда гирифтааст. Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст ҷашнвораи мазкур минбаъд ҳам идома пайдо кунад ва ба яке аз бошукуҳтарин маъракаҳои варзишии Тоҷикистон табдил шавад: “Имсол бори аввал баргузор мешавад. Дар оянда тамоми камбудиҳое, ки сабт хоҳанд шуд, ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи 8 нумуди варзиш мусобиқот ва аз 12 намуди варзиши миллӣ намоиши варзишӣ баргузор мешавад. Таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ аллакай марҳилаи миёни деҳот ва навоҳӣ баргузор шуданд ва тими мунтахаби минтақаҳо аллакай муайян гардидааст”.
Аҳтам Абдуллозода инчунин аз сиёсати Рустами Эмомалӣ дар самти оммавӣ кардани намудҳои варзиш тавсиф кард: “Шахсан хостааст, фаъолияти мактабҳои варзишӣ беҳтар карда шавад, айни ҳол таҳлили амиқи фаъолияти мактабҳои варзишӣ идома дорад. То охири сол аттестатсияи мураббиён идома хоҳад дошт”.
Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш изҳори боварӣ намуд, ки самараи сиёсати пешгирифтаи Рустами Эмомалӣ ба зудӣ дар майдонҳои варзишӣ муайян хоҳад шуд ва варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |