Бахшҳо

Раиси Кумита: Агар Устопириён афв хоҳад, баррасӣ мешавад (ВИДЕО)

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мегӯяд, Комроншоҳи Устопириён агар дархости афву бахшиш кунад, гуруҳи корӣ масъалаи муҷозоташро бозбинӣ мекунад.

Абдуллозода имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қарор дар мавриди муҷозоти Устопириёнро на Кумита, балки гуруҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони Федератсияҳои гуногун қабул кард: “Худи варзишгар ё намояндааш ҳуқуқ дошт, ки аз қарори гуруҳи корӣ шикоят кунад. Агар дархост ворид шавад, гуруҳи кориро боз фаъол мекунем ва масъалаи бознигарии онро баррасӣ мекунем”.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъкид намуд, ки “варзишгарон бояд бо гуфтор, рафтор ва ҳаракатҳои худ намунаи ибрат бошанд. Шахсе, ки муаррифигари миллат аст, масъулияти одоби баланд, рафтори зебо дошта бошад”.



Ӯ афзуд, ки феълан мутахассисон қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ ва дигар масъулини соҳаро таҳия доранд ва ба наздикӣ он ҳамчун роҳнамо ба тамоми макотиби варзишӣ равон мешавад.

Абдуллозода таъкид намуд, ки дастгирии давлатии Устопириён идома дорад: “Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 95 ҳазор сомонӣ аз буҷаи давлат барои иштирокаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сарф шуд”. Ин дар ҳолест, ки бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди пирӯзии Устопириён дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиш муҷозоти ахирашро дар мавриди паҳлавони тоҷик қабл аз тамом шудани давраи муҷозот, лағв кунад.

Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои куштии миллӣ дар кишвар маҳрум кард. Аммо Кумитаи ҷавонон ва варзиш баҳогузории доваронро, ки ангезаи амалкардҳои Комроншоҳ шуда буд одилона ва тибқи қоида баҳогузорӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон дар мавриди ноадолатиҳои доварон баҳсҳои гармеро ба бор оварда буданд.

Устопиириён баъди ин муҷозот дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дастболо шуд ва шомили сегонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон гардид.
Мӯҳр
мухлис
95 хазор?????? боз чи менолед, машк кунед, тинч гардед,

Миллати тоҷик миллати бофарҳангу тамаддунофар ҳаст. Рафторҳои бадахлоқона хоси миллати мо нест. Дар асл ҷазои пешбинӣ намудаи гуруҳи корӣ нисбати комроншоҳи устопириён бомаврид буд. Бигзор ислоҳ кунад худро....умуман набахшанд уро....
"Коҳи куҳнаро бод додан лозим нест!"
Шумо тасаввур кунед ки дар назди хоҳару духтарони мову шумо як нафари бегона дашному ҳақоратҳои аз ақл берун мегуянд.
Оё шумо гуш карда тамошо карда мешинед....?....

Э ҳами неки Устопириён Устопириён гуфта ҳарруз менависен. Қонун қонунай бе айб ихели накадан, чӣ бо гапои куҳнара мебардорен?

450 хазор нагуфт? хами 4солда. Ним миллион сомон гирифтай бояд пачка пачка медали тилло гирад

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллозода, барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ, ба ин варзишгар 450 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. ------------- ваҳ и бача 450 ҳазор суми давлат - суми халқ - суми мара гирифта мухлисоша Наврузда дашном кард? angry

Умуман бахшидан даркор нест. Ахлок бояд дар сатхи баланд бошад. Тем более ахлоки варзишгар. Варзишгар бояд намунаи ибрат бошад барои дигарон.
Бахшида нашавад.

Сино
Сафсатта нанависед. Як бор баланд бардоштани Парчами миллӣ ба 100.000.000 сомонӣ баробар аст. Аҳсант Комроншоҳ

Ба фикрам ин пулхои шумо ба чиптахои сафар ва пирожки дар сафар мехурдагияш ба зур мерасад.

Убайдулло
Комроншох бехтарин пахлавон мебошад бахшида шавад бехтарин мешавад

Ма мухлисаш будам то он даме ки маро, мухсилонашро дар Наврузгох дашном кард. Мо дастгири кунем у ихели чавоб мета, ачиб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)