Масъули Кумитаи дин дар бораи пешниҳоди танзими “чилу сол” ва идгардак

Кумитаи дини Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ҳангоми тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” маъракаҳои чилу сол, ҷиҳози арӯсӣ ва идгардак ба тартиб дароварда шавад.
Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин мегӯяд, онҳо ҳамчунин хостори бештар кардани ваколатҳои ин ниҳод ҳастанд, зеро ба гуфтаи ӯ, “дар баъзе ҳолатҳо дастамон кутоҳӣ мекунад. Аз ҷумла дар бораи мансабдорону соҳибкорон”.
Мирзозода имрӯз, 12 июл дар нишасти хабарии Кумитаи дин дар бораи пешниҳод барои танзими маъракаҳои азодорӣ, монанди чил ва сол гуфт: “Дар ин масъалаҳо мушкилиҳо доштем ва дар аксар ҳолатҳо риоя намешуд. Дар ин ҳолат гуноҳи соҳибмаърака ҳам набуд. Пешниҳод ҳаст, ки миқдори нафарони даъватшуда дар ин маъракаҳо зиёд карда шавад, ва ё чилу сол бо ширинӣ ва чой ва ё танҳо бо дуо ва фотиҳа гузаронида шавад”.
Вай гуфт, ҷиҳози арӯсӣ зиёд шудааст ва бештари вақт он якҷониба, аст, яъне вазнинӣ ба як ҷониби тӯйкунанда мешавад: “Дар ҳақиқат мушкил аст, вақте як хонаро дар ихтиёри волидони арӯс медиҳему мегӯем, инро пур кунед, мо омада қабул мекунем. Ин аз рӯи инсофу адолат нест. Бинобар ин, ба шакли ягон низомнома ё ҳуҷҷате бояд тартиб диҳем, то ин масъалаҳо ба низом дароварда шаванд”.
Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар идома афзуд, дар пешниҳоди онҳо танзими идгардак низ ҳаст: “Ҳадафи аслӣ манъ кардани он нест, балки ба тартиб даровардан аст. Пешниҳоди мо ин аст, ки кӯдакон на дар соати чори субҳ, балки баъди адои намоз ба идгардак бароянд. Ба мардум расонида тавонем, ки шумо мунтазир шавед, намози идро баргузор кунанд, баъд шумо ба идгардак бароед. Бигзор як чанд соат бачаҳо идгардак кунанд, баъди он мардон ва пас аз он занҳо идгардак кунанд. Идгардак дар як муддати муайян ҷамбаст шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |