Бахшҳо

“Фарзандамро мехарам”: Баҳси фасоди таваллудхонаҳо дар ҳузури вазир

Туҳфаю пулгирӣ дар таваллудхонаҳои Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми июл дар ҳузури Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пулу туҳфагирӣ дар таваллудхонаҳо, ки миёни мардум таҳти шиорҳои шӯхиомези “фарзандамро мехарам” ё “кӯдак дар гарав” маъруф аст, ба гуфтаи вазири тандурустӣ ҷой дорад ва барои решакан кардани он ҳамкорӣ бо ҷомеа зарур аст.

Рӯзноманигорони тоҷик зимни масъалагузории фасод дар таваллудхонаҳо изҳор доштанд, ки кӯдак то ҷое ба гаравгон шабоҳат дорад ва волидон ночор дар таваллудхонаҳо пул пардохт мекунанд, то фарзандашонро гиранд.

Манижа Қурбонова, рӯзноманигори тоҷик дар хитоб ба вазир гуфт, модоме пулу туҳфагириҳо дар зоишгоҳҳо густурда аст, оё беҳтар нест, ки хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо расман пулакӣ шавад. Ба гуфтаи Қурбонова бисёри момодояҳо далели пулгириҳо дар таваллудхонаро ба маоши паст рабт медиҳанд: “Тариқи нархгузории муайян давлат имкон пайдо мекунад, маоши момодояҳоро боло барад ва пулгирии ғайриқонунӣ коҳиш ёбад. Оилаҳои камбизоатро давлат метавонад тариқи барномаҳои махсус дастгирӣ кунад. Феълан тақрибан аз бисёриҳо сарфи назар аз он ки бой аст ё камбағал маблағ ё туҳфа гирифта мешавад”.

Олимзода бо баёни мухолифати шахсияш ба пулакӣ кардани хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо изҳори боварӣ намуд, ки аксари аъзои ҷомеа низ мухолифи пулакӣ шудани хизматрасонии таваллудхонаҳо хоҳанд буд: “Ин масъалаи баҳсбарангез аст. Ба ҳар сурат мо онро баррасӣ мекунем”.

Вазири тандурустӣ роҳи беҳтарини решакан кардани фасод дар таваллудхонаҳо ва умуман соҳаи тибро дар ҳамкории шаҳрвандон бо Вазорат ва мақомоти дигар арзёбӣ кард: “Бисёр мехоҳем, ки ҷомеа дар ин масъала бо мо ҳамкорӣ кунад. Ҳозир гапҳои умумӣ зиёд мешаванд, аммо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки ҳар бори дучоршавӣ ба фасодкорӣ ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунанд, то мо алайҳи он масъулину муассисаҳо чораандешӣ кунем”.

Мӯҳр
Вой бар холи Шумо пулро мо худмо метием ай хурсандия ай

бе ном
зане таваллуд мекунад аз у пул талаб мекунанд зан мегуяд ман холо пул дар барам надорам, хамин ки оварданд метиям, ба у то овардани пул кудакашро хатто барои шир додан ичозат надодааст ин кор дар таваллудхонаи №1 ш. Душанбе мохи чори рух дода аст

Cаид
Ин масъала як моху ё ду сол нест. Чандин сол аст, ки давом дорад, аммо чи кор кардед ва ё мекунед?! Албата хеч барои он ки шумо хам дастдоред!!!

рашид
як чизи дигар ногуфта намонад вакте дар навбат хастан хох вакташ расида бошад хох на мачбур укол зада тифлро нимрасид кашида мегиран барои хамон гаравпулии гуфтаатон хам тифлу хам модар дар хатар чонашон инхам Дида бароед як умр хамон зан дард манд дигар

Магар вазири соха намедонад, ки фаромоиши №600 вучуд дорад, дар бораи хизматрасонихои пулаки дар муассисахои тандурустии давлати? Лекин бадбахти дар он аст, ки мисли хазорхо конуну санадхои дигар он дар руи когаз хоб аст. Сабаб - бесалохии кадрхо ва очизии онхо дар ташкили дурусти ичрои конун. Бинед, ки хатто вазири нави соха дар ин бора иттилоот надорад. Хамин вазъ 90 фоизи Хукумати Точикистонро фаро гиифтааст. Пас, чи гила аз тобеъонашон? Боз эшон мухолиф будаанд )))))) Хокимияти ичроия парламент нест, мухтарам вазир! Гиреду ичрои Конунро ташкил кунед! Ин вазифаи чонии Шумову тобеъонатон аст. Барои хамин маош мегиред. Саволу пешниходи журналист окилона аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)