Носир Саидов: Барои ба “формат”-и дақиқи фарҳангӣ гузаштани “Сафина” 6 моҳ лозим (ВИДЕО)
Носир Саидов, раҳбари тозатаъини муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” мегӯяд, баъди се моҳ ин шабака ба як “формат”-и дақиқи фарҳангӣ фаро гирифта мешавад.
Ҷаноби Саидов имрӯз, 12 июл дар ҳузури хабарнигорон дар шаҳри Душанбе иброз дошт, “Сафина” шабакаи фарҳангӣ аст ва тибқи нақшае, ки рӯи даст доранд, барои ба “формат”-и дақиқи фарҳангӣ гузаштани он 6 моҳ лозим буд: “Се моҳи ин муҳлат аллакай сипарӣ шуд. Шумо дида истодаед, ки барномаҳои нав пахш мешаванд. Чанд тарҳи бузург ҳам дорем, ки то охири сол бояд роҳандозӣ шаванд”.
Ба гуфтаи ӯ, феълан 80 дарсади барномаҳои “Сафина”-ро барномаҳои фарҳангӣ ташкил медиҳад.
Носир Саидов моҳи марти соли равон бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи Зевар Давлатзода, ки дар курсии муовини вазири фарҳанг нишаст, директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъин гардид. Ӯ дар гузашта ба ҳайси раиси "Тоҷикфилм" фаъолият дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |