Вазир ба раиси Хатлон: Домана аз ҳоҷатхона сар зад
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хуруҷи домана дар ноҳияи Бохтарро ба ҳоҷатхонаҳои лаби дарё рабт дод.
Олимзода, имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи сабти ҳолатҳо оид ба хуруҷи домана, як гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, ба ноҳияи Бохтар равона гардид: “Муайян шуд, ки воқеан 5 нафар мубталои домана шудаанд. Сабаби пайдоиши беморӣ ин аст, ки дар ноҳия дар як шохаи дарёи Вахш ҳоҷатхонаҳо сохта шудааст. Мо ба раиси вилоят ва ноҳия мактуби расмӣ дар бораи бартараф кардани ҳоҷатхонаҳо ирсол кардем”.
Вазири тандурустӣ таъкид кард, ки ин беморӣ дар ноҳия пас аз як ҳафта пурра нобуд карда шуд: “Ҳамаи минтақаҳо аз ҳисоби хлор безарар гардонида шудаанд. Ҳодисаи дубора бақайдгирии домана сабт нашудааст ва то ҳол комиссияи доимамалкунандаи ҳам ҷумҳуривӣ ва ҳам вилоятӣ фаъол мебошад”.
Гузоришҳо дар мавриди хуруҷи домана дар ҷануби Тоҷикистон охири моҳи июн ва аввали моҳи равон нашр гардида, таъкид шуда буд, ки гармии шадид метавонад паҳншавии доманаро шиддат бахшад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |