Туркманистон сармоягузории телевизионҳои давлатиро қатъ мекунад

Барномаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон дигар аз ҳисоби будҷа сармоягузорӣ намешаванд. Дар ин бора фармони президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 7 июл имзо шудааст, ки гуфта мешавад, ҳадафаш пешрафти минбаъдаи соҳа аст.
Қатъи маблағгузории барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Туркманистон аз соли 2018 оғоз шуда, дар давоми 4 сол марҳала ба марҳала иҷро хоҳад гашт.
Бино ба хабарҳо, Девони вазирони Туркманистон ба кумита иҷозат додааст, ки дар асоси механизмҳои бозорёбӣ тавассути телевизион ва радиоҳои муайян хидматрасониҳои таблиғотиро ба роҳ монда, аз ҳисоби даромади он харҷи худро пӯшонад.
Дар Туркманистон, дар ҳоли ҳозир, 7 телевизион -- "Алтин Асир", "Ёшлик", "Мерос", "Туркманистон", "Ишқобод", "Овози туркман", "Варзиши Туркманистон” ва 4 радио -- "Чар тарапдан", "Мерос", “Овоз” ва "Ватан" пурра аз тарафи давлат назорат ва сармоягузорӣ мешаванд.
Президенти Туркманистон борҳо барномаҳои телевизионҳои давлатии кишварашро танқид кардаааст. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, ки аз суръати пешрафти телевизионҳои миллии кишвараш норозист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |