Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз рӯи ду ҳолати марги бемор, ки гуфта мешавад дар пайи иштибоҳи табибон рух додаанд, тафтишот бурда истодааст.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳолатҳои иштибоҳи табибон, ки гуфта мешавад, бо марги бемор анҷомидаст, ду ададанд: “Асосан ба марги модарон рабт дорад”.
Дар маҷмуъ вазири тандурустӣ тасдиқ кард, ки баъзан табибони тоҷик зимни ташхису тавсияҳо ба хатоиҳо роҳ медиҳанд.
Тибқи иттилои Олимзода тайи 6 моҳи аввали соли равон 31 иштибоҳи тиббӣ аз ҷониби 55 корманди соҳаи тиб ба қайд гирифта шудааст: “Ин иштибоҳҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва 29 нафар ба муҷозоти маъмурӣ ва 9 нафар ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд”.
Ӯ таъкид намуд, ки дар Вазорат комиссияи махсус фаъолият дорад ва иштибоҳи табибонро баррасӣ мекунад: “Дар ҳолатҳои зарурӣ дараҷаи тахассусии табибон бозбинӣ мешавад”.
Ба суоли “Озодагон”, ки ҷуброни зарари иштибоҳи табибонро кӣ пардохт мекунад, Ғаффур Муҳсинзода, сардори Хадамоти давлатии назорати фаъолияти тиббии Тоҷикистон гуфт, чунин ҳолат дар таҷрибаи Вазорати тандурустӣ ҷой надорад. Ба гуфтаи ӯ масъалаи пардохти ҷуброн метавонад, танҳо дар асоси қарори додгоҳ ба миён гузошта шавад.
Ҳакими Даврон, Мижгона Ҳалимова
Мӯҳр