Давлатзода далели болоравии нархи ҳаҷро шарҳ дод (ВИДЕО)
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷаҳиши қурби доллар боиси болоравии нархи ҳаҷ гардид.
Давлатзода имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афзоише, ки тайи ду соли охир сурат гирифтааст, аз ҳисоби болоравии қурби доллар мебошад: “Аксари хароҷоти ҳаҷ, аз нархи чипта то ҳаққи меҳмонхона бо асъори хориҷӣ, доллар сурат мегирад. Агар ба ҳисоби доллар бигирем, нархи ҳаҷ тақрибан тайи солҳои охир тағйир наёфтааст”.
Раиси Кумитаи дин афзуд, феълан тақрибан ҳамаи ҷойҳое, ки барои ҳаҷ пешбинӣ шудаанд, пур гардиданд ва нахустин парвози зоирини тоҷик 15-16-уми август оғоз мешавад.
Кумитаи дин иттилоъ дод, ки арзиши хизматрасниҳо дар мавсими Ҳаҷ-2017 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад: “Ин маблағ барои пардохти “чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром, иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сардидиҳанда, анҷом додани қурбонии ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда–Макка–Мино–Арафот–Муздалифа –Мино–Макка–Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 литр оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд, пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ)” дар назар дошта шудааст”.
Соли 2015 нархи хизматрасониҳо барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам ва соли 2016 -- 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медод.Ҳакими Даврон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |