(АКС) Ваъдаи масъулини “Бозори Корвон”: Баъди 5 рӯз қисмати зарардида барқарор мешавад
Масъулини “Бозори Корвон” мегӯянд, дар ҳоли ҳозир 80 дарсади нуқтаҳои дар пайи сӯхтор зарардида барқарор шуда, давоми панҷ рӯзи оянда дарвозаи №6 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки дар пайи сӯхтори шоми 2 июл 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдои “Бозори Корвон” зарар дидаааст.
Ҳалима Мавлонова, директори ҶДММ “Бозори Корвон” сешанбеи 11 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзҳои наздик соҳибкороне, ки нуқтаҳои савдояшон зарар дида буд, дубора ба фаъолият оғоз хоҳанд кард: “Мо тасмим гирифтем, дар муддати 15 рӯз қисмати зарардидаи бозорро барқарор кунем”.
Ба гуфтаи хонум Мавлонова ҳоло далели аслии сӯхтори шоми 2 июлро гуфта наметавонанд, чун ҳанӯз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ хулосаи ташхисро пешниҳод накардааст: “Чанд фарзия мавҷуд аст, вале то ҳол чизе дақиқ нест. Феълан, Прокуратураи генералӣ, Раёсати вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ дар ин робита санҷиш мегузаронанд”.
Ин ҳам дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилӣ 3 июл бо нашри як иттилоия сабаби сар задани сӯхторро "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" гуфта буд.
Ҳалима Мавлонова, директори ҶДММ “Бозори Корвон” мегӯяд, баъзе соҳибкорони зарардида ҳуҷҷати суғуртавӣ доранд ва дар сурати пешниҳоди он хисороташон пурра ҷуброн мешавад: “Аммо масъалаи соҳибкороне, ки молҳои худро суғурта накардаанд, дар сатҳи ҳукумат дида мешаванд”.
Ӯ гуфт, дар минтақаи 28-и бозор, ки сӯхтор ба амал омад, нуқтаи фурӯши яклухт буд ва соҳибкорон молҳои худро ҳамчун намуна ба фурӯш гузошта, молҳои асосиашонро дар анборҳо нигаҳ медоштанд: “Асосан он ҷо пойафзол фурӯхта мешуд. Дар ҳоли ҳозир соҳибкорони зарардида, ки 167 нафаранд, дар гирду атрофи бозор савдо карда истодаанд”
Рӯзи 3 июл шаҳрдори Душанбе бо тоҷирони аз сӯхтор зарардида мулоқот дошт ва дар ин дидор эълон шуд, онҳо давоми ду сол аз пардохтҳои маблағи иҷора ва “чек” озод хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар назар аст, тоҷирон аз пардохти молиёт ҳам озод шаванд. “Дар асоси банди 18-и Қарори ҳукумати кишвар, ки гуфта шудааст дар ҳолати фавтидан, бемори бистарӣ шудан, дар ҷойи фаъолияти корӣ сӯхтор ба амал омадан ва ё ягон ҳодисаи дигар имкон ҳаст, ки соҳибкор аз супоридани андоз озод гардад. Вале то кадом муҳлат будани ин, дар сатҳи Кумитаи андоз дида мешавад”,-афзуд хонум Мавлонова.
Роҳбарияти “Бозори Корвон” мегӯяд, давоми 15 сол дар ин бозори калонтарини Душанбе 9 маротиба сӯхтор сар задааст. Аз ин пештар моҳи сентябри соли 2012 қисмати яклухтфурӯшии бозор оташ гирифт ва ба гуфтаи мақомот дар натиҷа 2250 нуқтаи савдо зарар дид.
Бозорҳо чаро месӯзанд (ИНФОГРАФИКА)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |