Ёдоварии Э.Раҳмон аз садамаи пурқурбонии Восеъ ва супориш барои тағйирот ба қонун

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бознигарии шароити таълим дар курсҳои ронандагӣ ва ба таври бисёр ҷиддӣ ба роҳ мондани имтиҳонҳо барои гирифтани ҳуқуқи ронандагӣ шудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 июл дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа таъкид кардааст, ки ҳамасола дар кишвар ба ҳисоби миёна якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, дар пайи он садҳо нафар ба ҳалокат мерасад. Президент чунин вазъро боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ хондааст. Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур аз ҷумла аз садамаи нақлётии як моҳ пеш дар роҳи Восеъ–Кӯлоб, ки ҷони ҳафт нафарро гирифт, ёдовар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии ин садама вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ будааст. Президент дар идома афзудааст, “тибқи маълумоти Раёсати бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2010 то ҳол, ба истиснои қонунвайронкуниҳое, ки тавассути низоми “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд, қариб ҳафтуним миллион ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби вайронкунандагони қоидаҳо 173 миллион сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, тайи солҳои 2010 ва нимсолаи аввали соли 2017 дар кишвар зиёда аз даҳуним ҳазор садамаҳои нақлиётӣ содир шуда, дар натиҷа ҳудуди 3300 нафар ба ҳалокат расида, 11 800 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд: “Яъне садамаҳои нақлиётии дар давоми ҳафтуним сол рухдода боиси мотами 3300 хонадон, ятим мондани кӯдакон ва бадбахт шудани оилаҳо гардидаанд”.
Раисҷумҳур гуфта, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд. Эмомалӣ Раҳмон сабаби дигари рух додани садамаҳои нақлиётиро дар ҳолати мастӣ ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт гуфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафта барои садамаҳои нақлиётие, ки боиси ҳалокати одамон мешаванд, ҷазои бисёр сахт ва ҳатто ҳукми қатл пешбинӣ шудааст: “Масалан дар Япония, Хитой, Таиланд ва баъзе штатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукми қатл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 20 сол ва дар Канада ҷазои ҳабси якумрӣ пешбинӣ гардидааст. Бо дарназардошти чунин вазъ, ба вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки дар муддати ду моҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо автомашинаи шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи мавҷуда зарур донистааст, ки ба сифати таълим дар курсҳои ронандагӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, шароити таълим дар ин курсҳо бознигарӣ ва имтиҳонҳо барои гирифтани ҳуқуқи ронандагӣ бо истифодаи технологияи замонавӣ ва ба таври бисёр ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |