Аз ВКД ба хабаргузории «Озодагон» хабар доданд, ки рӯзи 21-уми декабри соли равон аз тариқи ин хатсайр ҷасадҳои Рустам Нурматови 32 сола, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон (сабаби марг куштор), Маҳмадшо Шокирови 26 сола, сокини ноҳияи Рашт (ҳодисаи нохуш), Исроил Раҷабови 32 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдулвоҳид Ҷумаеви 38 сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон (сабаби маргашон беморӣ) мунтақил шудаанд.
Ёдовар мешавем, чанд вақт пештар аз сари буридаи Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург хабар расид, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ин қазия боис шуд, ки МН МО Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистонро барои шиносоии бештар аз вазъи тафтишоти ин ҳодиса ба Русия фиристод. Баъди бозгашт Маҳмадалӣ Ватанов дар назди вакилони тоҷик натиҷаи сафарашро гузориш дода гуфт, раванди ташхис ва тафтишоти парвандаи Бахтиёр Расулов собит мекунад, ки сари ӯ бурида нашуда, балки сӯхтааст. Номбурда гуфт: «аз сӯҳбат бо муфаттиши парвандаи Бахтиёр Расулов ва натиҷаҳои ташхис ва аксҳои гирифташудаи автомошинаи вай, ки оташ зада шудааст, фикри шахсии ман бар ин аст, ки сари вай сӯхтааст. Чун ин ҷиноят хеле ваҳшиёна ва сангдилона сурат гирифтааст». Ҷаноби Ватанов ҳамчунин хабарҳоеро, ки Бахтиёр аз дасти тоссарҳо кушта шудааст, рад намуд. Ба қавли вай ҳеҷ гуна нишонаи ба дасти скинхедҳо сурат гирифтани ин ҷиноят дар дасти тафтишот нест. Балки ин ҷиноят бар асоси ҷанбаҳои маишӣ ва хусумати хонаводагӣ, аз сӯи бародари хонумаш, ки рус буда ва шаш моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудааст, иттифоқ афтодааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |