Қочоқи трактори “Белорус” ва мошини “Volvo”
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе мошини тамғаи “VOLVO F–12–380-4х2” бо ядакаш ва як трактори “Беларус 82.1” боздошт карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, молҳои мазкур ба як сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон тааллуқ доштааст. “Ӯ санаи 5-уми майи соли 2017 аз шаҳри Перми Федератсияи Русия тавассути Ҷумҳурии Қирғизистон тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст”.
Манбаъ афзуд, мувофиқи маълумотномаи Раёсати ботанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд Х.Н., 282 ҳазору 240 сомониро ташкил медиҳад: “Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |