А.Раҳнамо: 70 ҷангандаи тоҷики “ДИИШ” хостори бозгашт ба Ватан шудаанд (САДО)
Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, саркӯби гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва интиқоли онҳо ба Афғонистон хатари ин гурӯҳро барои кишвари мо зиёдтар карда истодааст.
Абдуллоҳ Раҳнамо ин нуктаро имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошта, афзуд, ки баъди саркуби “ДИИШ” дар шаҳри Мавсил ва оғози амалиёт дар Раққа як кӯчиши бузурги аъзо, пайравон ва аҳлу оилаи ин гурӯҳ сар шудааст: “Аз баски онҳо ҳудуди 3,5-4 соли охир дар он шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекарданд, аллакай дар он ҷо оила, фарзанд, ҳама зерсохторҳоро доштанд. Ғайр аз ҷангандаҳо теъдоди зиёди аҳолие буданд, ки пайрав ё вобастаи ин гуруҳҳо шуда буданд. Барои ҳамин мо ду нуктаро дар ин ҷо мебинем, яке сарнавишти худи ҷангандаҳо, ки бисёри онҳо дар ин амалиёт аз байн бурда шуданд. Қисми дигари онҳо, бар асоси маълумоти дақиқе, ки ҳаст, аз тариқи каналҳои гуногун ба минтақаҳои дигари ҷаҳон кӯчонида ё интиқол мешаванд. Аз ҷумла ба шимоли Афғонистон, ба Либия, ки ҳоло ҷойҳои амнтар барои “ДИИШ” ҳисоб мешаванд. Аз назари интиқол ёфтани онҳо ба Афғонистон, саркӯби онҳо дар Сурия, барои мо хатарро зиёдтар карда истодааст”.
Сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ таъкид намуд, ки баъзе зану фарзандони аъзои “ДИИШ”, аллакай дар қатори гуреза, дар қатори паноҳандагон ба лагерҳои гуногун кӯчонида шуданд ва дар ин бора хабарҳои зиёд аст.
Абдуллоҳ Раҳнамо афзуд, консулҳои кишвар дар Туркия ҳамаи онҳоеро, ки муроҷиат мекунанд, нигаҳбонӣ карда, барои бозгашти бархеи онҳо ба Ватан ҳатто чиптаҳо хариданд: “На танҳо зану фарзандон, балки тайи се соли охир ҳудуди 70 нафар аз худи ҷангандагон ба консулгариҳо алоқа барқарор карда ва дар натиҷа консулгариҳо барои бархеи онҳо ҳатто билет гирифта, онҳоро ба кишвар овардаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |