Вазири маориф гуфт, дохилшавӣ ба макотиби олӣ мушкилтар мешавад

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, сол ба сол суолҳои Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаю донишгоҳҳоро мушкилтар хоҳанд кард.
Нуриддин Саид, имрӯз, 10-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, солҳои қаблӣ барои одат кардани довталабон ба низоми нави дохилшавӣ суолҳои нисбатан осон пешниҳод карда мешуданд: “Аммо имсол суолҳоро дар асоси барномаҳои таълимии мактаби миёна 15-20 фоиз мушкилтар кардем. Соли дигар мушкилтар мешаванд, то мактаббачаҳо барои ворид шудан ба макотиби олӣ бештар талош кунанд, китоб хонанд”.
Ба гуфтаи вазир аз соли оянда инчунин навиштани эссе роҳандозӣ мегардад, ки онро ба ғайр аз хатмакардагони макотиби русӣ, аққалиятҳои дигари кишвар бояд бо забони тоҷикӣ нависанд.
Вазири маориф афзуд, инчунин пешниҳод гардид, ки тамоми имтиҳонот барои дохилшавӣ ба макотиби олии хориҷи кишвар ва олимпиадиаҳои ҷумҳуриявӣ низ тариқи Маркази миллии тестӣ сурат бигиранд: “Феълан ин пешниҳодҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд”.
Ба гуфтаи вазири маориф имсол 96 ҳазор довталаб ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбати соли гузашта 13 ҳазор нафар зиёд аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |