Стратеги Президент: Иттиҳоди Атовулло, ҲНИТ... дар хориҷ хатари ҷиддӣ дорад
Сайфулло Сафаров, ноиби аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, иттиҳоди нерӯҳое, ки худро мухолифи ҳукумат медонанд, дар хориҷ аз кишвар хатари ҷиддӣ дорад.
Сафаров имрӯз, 10-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, қаблан бар ин ақида буд, ки нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла Додоҷони Атовулло ба амнияти Тоҷикистон ҳеч хатаре надоранд, чунки фикр мекард ҷои онҳо дар сиёсат холист ва ҳеч заминаи иҷтимоӣ надоранд.
Сафаров афзуд, феълан бар ин ақида аст, ки раванди муттаҳидшавии нерӯҳо дар хориҷ, аз ҷумла ҲНИТ хеле хатари ҷиддӣ доранд ва бояд дар ин самт ҳукумати Тоҷикистон чораандешӣ намояд.
Ӯ инчунин аз кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Русия даъват намуд, ки нисбати амнияти Тоҷикистон бетараф набошанд ва алайҳи гуруҳҳое, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаанд, иқдом намоянд.
Ба суол, ки ахиран бо иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар Олмон ҳамоиш баргузор гардид ва оё он ҳам монанди таҷрибаи Эрону САҲА бо бадшавии муносиботи Тоҷикистон бо ин кишвар анҷом хоҳад ёфт, Сафаров посух дод, ки мо муносибатҳоро бо Олмон бад карданӣ нестем. Ӯ зикр кард, ки баъзан кишварҳои Аврупо стандартҳои духӯра доранд.
Дар мавриди Эрон ӯ таъкид намуд, ки феълан ягон мушкилие дар муносибот бо ин кишвар надорем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |