Бахшҳо
07 июл 2017 12:52Туркманистон / Сиёсат

Сатторзода дар бораи хатои Амрико ва татбиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистон

Абдунабӣ Сатторзода, сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик, мегӯяд, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки манфиати гуруҳҳои даргир ва бозигарони хориҷӣ ба ҳам омада буд, метавонад дар Афғонистон низ роҳандозӣ шавад.

Сатторзода 6-уми июл, зимни маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” гуфт, роҳи асосии ҳалли низоъҳо ва расидан ба сулҳ дар Афғонистон роҳандозии гуфтумони миллӣ ва ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ дар байни тамоми қавму қабоил ва нерӯҳои сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон мебошад: “Манфиати тамоми қавму қабоил ва гуруҳҳои сиёсӣ ҳифз шаванд. Татбиқи ин тарҳ бисёр душвор ва фурсатталаб аст, аммо роҳи дигар ҷуз ин нест”.

Сатторзода барои расидан ба сулҳи Афғонистон зарур хонд, ки манфиатҳои абарқудратҳо ва бозигарон дар ин минтақа бояд ба ҳам наздик бошад: “Феълан манфиатҳои кишварҳо дар ин минтақа ҳеч ба ҳам наздикӣ надорад. На Амрико, на Русия ва на Чину на Покистону Эрон... Агар ин кишварҳо мехоҳанд, ки дар Афғонистон сулҳ ба миён ояд, онҳо бояд манофеашонро ба ҳам наздик кунанд, ба хотири манфиатҳои дарозмуддат ва ниҳоияшон. Бисёр душвор аст, аммо инро бояд кард”.

Ҷаноби Сатторзода, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ёдовар шуда гуфт, ки дар он манфиатҳои тарафҳои зидахл ба ҳам омаданд ва агар намеомаданд, мо ҳам ҳануз мисли Афғонистон боқӣ мемондем: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон медиҳад, ки агар манфиатҳои кишварҳои зидахл ба Тоҷикистон аз ҷумла Русия ва Эрон ба ҳам мувофиқат намеомад, мо наметавонистем ба сулҳ мушарраф гардем”.

Сиёсатшиноси тоҷик зимни суханронӣ вазъияти имрӯзаи Афғонистонро бад ва нисбат ба солҳои қаблӣ печида ва мураккабтар арзёбӣ кард. Ба назари ин сиёсатшинос нишонаҳои асосии бештар ноором гаштани вазъ дар Афғонистон инҳо мебошанд: 1.Толибони шикастхӯрда дар солҳои 2001- 2002 на танҳо қудрати худро барқарор, балки нуфузи хешро дар Афғонистон бештар карданд. Амалиётҳои низомии худро аз Ҷануб ба Шимол бурданд. Ҳузури ДИИШ дар Афғонистон аз ҳисоби қисме аз байъаткардагони Толибон дар самти шимоли ин кишвар. Фаъол гаштани гуруҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо шумули шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ ва террористӣ дар саросари Афғонистон хоса дар пойтахти ин кишвар Кобул.

Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, чунин ранг гирифтани вазъият натиҷаи такрори сиёсати нодурусти шуравиҳо аз тарафи Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон аст: “Ин такя кардан ба як қавм буд. Ба сари қудрат овардани Ҳомид Карзай, ки дар Амрико зиндагӣ мекард ва ҳам шаҳрванди он кишвар буд, нишонаи он аст. Он чеҳраҳое, ки дар ҳукумати Ҳомид Карзай қарор доштанд ба назари ман чеҳраҳои ороишӣ (декоративӣ) буданд ва ҳаққи тасмимгириро надоштанд, ҳатто Маршал Фаҳим ва Юнуси Қонуниву дигарон. Баргузории интихоби ороишӣ ва тақаллуби ошкоро, интихоби Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ҳам ба ҳамин ранг сурат гирифт”.
Мӯҳр
Офарин и одами доно бдай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)