ВКД: Куштори “таксист”барои 20 сомонӣ рух дод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли як “таксист”-и 21-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро нашр кардааст.
Тибқи гузориши ВКД бо иттиҳоми қатли Ҳусайнзода Дилшод, ки бо “Опел”-аш ба мусофирбарӣ машғул будааст, Озодбек Содиқови 22-сола ва Ғайбулло Сатторови 21-сола сокинони ҷамоати деҳоти Исфисори Бобоҷон Ғаффуров боздошт шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, гумонбарон дар пай сар задани баҳс барои 20 сомонӣ ва дар заминаи доштани хусумат, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳия Б. Ғаффуров дар дохили нақлиёти шахсияш Ҳусанзодаро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондаанд: “Ин ҷиноят характери қасдона доштааст”.
Боздоштшудаҳо далели қатли Ҳусайнзодаро дар он гуфтааст, ки ӯ ба хотири 20 сомонӣ онҳоро дар назди дӯстонашон “шарманда” кардааст ва онҳо нақша кашидаанд, ки ӯро кушта мошинашро мефурӯшанд.
Ба иттилои ВКД, баъди содир намудани ҷиноят, гумонбарон ҷасадро бо мақсади пинҳон намудан ба дариёи Сир мепартоянд ва воситаи нақлиётро то ноҳияи Лайлаки Қирғизистон идора намуда, ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ба афроди аз қазия бехабар мефурӯшанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати дастгиршудаҳо бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |