Имрӯз дар Ҷумҳурии Чех мотами серӯза дар робита ба даргузашти райисҷумҳури пешини ин кишвар Ватслав Ҳавел оғоз гардид.
Тибқи иттилои расмӣ, ки қаблан расонаҳои аврупоӣ нашр карданд, Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ фавтид. Драмнавис ва дигарандеш Ҳавел, раҳбари «Инқилоби махмалӣ»-и соли 1989-и Чехословакияи собиқ буд, ки ба даҳсолаҳои коммунистии ин кишварро хотима бахшид. Сарони ҷаҳон андӯҳи худро аз даргузашти Ҳавел баён медоранд ва ӯро чеҳраи таърихии садаи 20 меноманд.
Расми давлатии дафни Ҳавел рӯзи ҷумъа баргузор шуда, интизор меравад, бисёре аз сарони ҷаҳон дар он ширкат кунанд.
Мӯҳр