Бахшҳо
05 июл 2017 17:24Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми июл дар мулоқот бо Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон аз равобит ва эътимоди сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузури роҳбарони ду давлат санадҳои нав, аз ҷумла изҳороти муштараки “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ”, Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Равалпиндии Покистон ба номи Пир Алӣ Шоҳ Меҳр имзо шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳарчи зудтар мувофиқа намудани Созишнома оид ба тиҷорати транзитии дуҷонибаро муҳим хонда, изҳори умед намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ зикр намудааст, ки Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад ва бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид кардааст: “Роҳбарони ду давлат ҳамчунин ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ - лоиҳаи КАСА – 1000 таъкид намудаанд”.


Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)

Э.Раҳмон роҳёбӣ ба бандарҳои Покистонро муфид хонд (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)