Дилшод Назаров - беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё
Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук эътироф шудааст.
Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҷоиза ба Дилшод Назаров сешанбеи 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон супурда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба варзишгари тоҷик аз номи Даҳлан Ал Ҳамад, ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ба Дилшод Назаров Сипоснома дода шудааст. Ба иттилои хабаргузории “Ховар” дар он аз ҷумла гуфта мешавад, “барои ман ифтихори бузург аст, ки аз номи Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ва ҳамаи аъзои осиёии он Шуморо ба муносибати Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз рӯи намуди варзиши сабук шуданатон муборакбод мегӯям”.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |