Оғози кори гуруҳҳои пешгирандаи сатрпӯшӣ дар мактаб, бемористон, тарабхона ва маҳаллаҳо
Даҳҳо гуруҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.
Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона ва аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд.
Тибқи иттилои Кумита гуруҳҳои корӣ аз 4 июл фаъолияти худро оғоз намуда, ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бемористону мактабҳо ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Н.Мирзозода ба фаъолон оиди пурзӯр намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ супориш додаааст: “Нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |