Тавсияи мутахассис ба беморҳои дилу фишорбаландӣ: Дар ҷойҳои салқин истироҳат кунед

Дар ин авохир хуруҷи касалиҳои мавсимӣ, монанди бемориҳои дарунравӣ, домана ва изҳоли хунин (дизинтерия) афзоиш ёфтааст. Абдуқаҳҳор Авезов, табиби Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ мегӯяд, бештари маврид ин бемориҳо дар пайи истеъмоли сабзавоту меваҷоти ношӯста хуруҷ мекунанд.
Авезов имрӯз, 4 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бахши аъзами муроҷиаткунандаҳо аз бемории дарунравӣ шикоят мекунанд ва теъдоди зиёдашон ноболиғонанд: “Аз сабабе ки қобилияти иммуннасистемаи кӯдакон нисбати калонсолон паст мебошад, онҳо бештар ба бемории дарунравӣ гирифтор мешаванд”.
Ӯ яке аз далелҳои афзоиши дарунравиро “истеъмоли маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ё зери шуои офтобнигоҳдошта” гуфт.
Абдуқаҳҳор Авезов афзуд, ба маркази онҳо аслан солмандоне муроҷиат мекунанд, ки онҳоро фишорбаландӣ, бемориҳои дил ва диққи нафас азият медиҳанд: “Хушбахтона ҳолатҳои маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, аммо бо далели вазнин будани боду ҳаво бештар калонсолоне, ки бемориҳои номбаршударо доранд, бештар муроҷиат мекунанд”.
Ӯ дар идома гуфт, барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳо сокинони кишварро зарур аст, мева ва сабзавотро қабл аз истеъмол бишӯянд: “Хӯрокҳоро дар офтоб нагузоранд, ба муҳлати нигаҳдории онҳо ҳатман диққат дода шавад. Ба шахсоне ки бемориҳои диққи нафас ё фишорбаландӣ доранд, тавсия дода мешавад, дар ҷойҳои салқин истироҳат кунанд. Хуб мешуд, ки мардум худро аз гармӣ эмин дошта, дар офтоб зиёд сайру гашт накунанд”.
Авезов мегӯяд, нӯри офтоб ба кӯдакони навзод фоидабахш буда, дар пӯсти кӯдак витамини “В”-ро ҳосил мекунад: “Агар аз соати 9-и субҳ кӯдакони хӯрдсолро давоми ним соат ба сайру гашт бароранд, барои пешгирӣ аз бемории рахит кумак расонад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |