Боздошти капитан: 14 ҳазор деҳ, парванда намекушоям
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти капитани милиса хабар додааст, ки барои накушодани парванда аз айбдоршаванда 14 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод боздоштшуда, Мулорӯзӣ Шарипов, нозири минтақавии ШВКД дар шаҳри Бӯстон мебошад, ки барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд “А”, аз ӯ 14 ҳазор сомонӣ талаб кардааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Мулорӯзӣ Шарипов зимни гирифтани 14 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд «А» дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ мусодира гардид”.
Манбаъ афзуд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муллорӯзӣ Шарипов бар асоси моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора) оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |