Русия иҷораи машқгоҳи Қазоқистонро қатъ кард
Президенти Русия Владимир Путин созишномаеро, ки миёнаҳои солҳои 1990 дар бораи иҷораи машқгоҳи Эмба бо ҷониби Қазоқистон баста шуда буд, бекор кард. Дар пайи бекор кардани созишнома бештар аз 300 ҳазор гектар замин, ки аз сӯи низомиёни рус истифода мешуд, ба Қазоқистон баргардонида мешавад.
Ҳамзамон, ҳамаи амволи манқулу ғайриманқули ин ҳудуд ба ихтиёри Қазоқистон медарояд. Дар машқгоҳи мазкур озмоиши маҷмааи мушакӣ, зиддимушакӣ ва инчунин машқҳои низомӣ сурат мегирифт.
Ба иттилои хабаргузории РИА Новости, қатъи иҷораи машқгоҳ ба Русия имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо ҳазор долларро сарфа кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |