ВКД: Дар сӯхтори Корвон 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори шоми 2 июл дар бозори Корвон масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Торнамои расмии ин ниҳод дар як иттилоия мегӯяд, сӯхтор соати 20:03 ба амал омада, дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд: "Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд".
ВКД сабаби сар задани сӯхторро "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" гуфтааст. Бар асари сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст: "Ҳоло зарари сӯхтор муайян карда мешавад".
ДУЗДҲО АЗ СӮХТОРИ КОРВОН БА НАФЪИ ХУД ИСТИФОДА КАРДААНД
Дар бозори Корвонро, ки шаби 2 июл сӯхтор ба амал омад, кормандони зиёди ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
Хабарнигори “Озодагон”, ки ҳоло дар ин бозор қарор дорад, мегӯяд, дарвозаҳои шашу ҳафти бозор, ки сӯхтор онҷо сар задааст, пурра баста буда, пулис танҳо фурӯшандаҳои дуконҳои оташгирифтаро баъди шиносоӣ ба дарун роҳ медиҳад. “Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле зиёданд. Аксари дуконҳо ҳанӯз баста аст ва ҳаракати мошинҳо низ дар масири назди бозор қатъ шудааст. Баъзе кормандони пулис гуфтанд, шаб дар пайи сӯхтор ҳолатҳои дуздӣ ба амал омадааст ва гуфта мешавад, ки чанд нафари онҳо дастгир шудаанд”,-гуфт хабарнигори “Озодагон”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |