Лағви қарор дар бораи вуруди беиҷозати амниятиҳо ба хонаҳои мардум

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро, ки тирамоҳи соли гузашта қабул карда буд, имрӯз, 30-юми июн бекор намуд.
Тибқи ин лоиҳа кормандони мақомоти амниятӣ ҳуқуқ пайдо мекарданд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ бидуни иҷозати соҳибхона ё додрасҳо вориди манзилҳои истиқоматӣ шаванд. Ҷурахон Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва генерали мустаъфӣ изҳор дошт, ки имрӯз ин қарор бекор гардид ва барои омӯзишу такмили бештар бозпас ба ҳукумат фиристода мешавад.
Лоиҳаи мазкурро, ки қаблан Маҷлиси намояндагон қабул кард, моҳи феврали соли равон Маҷлиси Миллии Тоҷикистон барои омӯзиши бештар баргардонда буд..
Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллӣ зимни муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” гуфта буд, ки дар лоиҳа мушаххас нашудааст, ки намояндагони мақомот дар кадом ҳолатҳо метавонанд бидуни иҷозат вориди хонаи шаҳрвандон шаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ изҳор дошта буд, ки ин ҷо дар баробари таъмини амният инчунин ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар миён аст ва пешниҳод намуда буд, то лоиҳаи мазкур баъди омӯзиши бештар аз сӯи додгоҳ, додситонӣ ва мақомоти амниятӣ дубора пешниҳод шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |