Криштиану падари дугоникҳо шуд: Модарашон боз номаълум...
Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи ҷаҳон ҳамлагари мунтахаби Португалия ва клуби “Реал”-и Мадрид падари дугоникҳо шудааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон, Криштиану Роналдо, ки замони тавлиди фарзандонаш бо мунтахаби Португалия барои дарёфти Ҷоми Конфедератсия дар Русия бозӣ мекард, баъди шунидани хабар интизори бозӣ барои дарёфти зинаи сеюм нашуда, ба дидори навзодонаш шитофтааст.
Криштиану Роналду, хабари фарзанддорияшро 29 июн дар саҳифаи фесбукияш расман тасдиқ карда навиштааст: “Ҷисму ҷони ман бо дастаам буд, ҳатто замоне ки фарзандонам таваллуд шуданд. Мутаассифона мо ба мақсади гузошташуда нарасидем, аммо ман бовар дорам, ки дар оянда португалиҳоро хурсанд хоҳем кард”.
Бино ба иттилои манобеъ, дар бораи модари фарзандони футболбози шинохта то ҳол маълумоте нест. Хабаргузории pozitciya.com мегӯяд, дугоникҳо духтар ва писар буда Ева и Матеу, номгузорӣ шудаанд.
Ба иттилои манобеъ, писари калонии футболбоз Криштиану хурдии 7-сола низ аз модаре таваллуд шудааст, ки футболбоз то ҳол номашро ифшо накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |