Эълони ҳукми ронандаи боркаши “Volvo”, ки сабаби марги 7 муҳоҷири меҳнатӣ шуд
Додгоҳе дар ноҳияи Петрови вилояти Саратов ронандаи 32-солаи боркаши “Volvo”-ро дар марги 7 нафар муҷрим шинохта ва барои 4 сол равонаи зиндон кард.
Ин маҳкумшуда шаби 15 январи соли равон вақте бо мошини ҳомили 10 тонна бор дар роҳи назди рустои Тарумовкаи Саратов ҳаракат мекард, ба самти муқобили роҳ баромада ва ба мусофиркаши хурди Toyota бархӯрд. Дар натиҷа 7 мусофири Toyota, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Тафтишот муайян кардааст, ки ронандаи “Volvo” замони вуқӯи ҳодиса ба гирифтани бутали об аз дохили мошин машғул будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |