Исломшиноси № 1 гуфт, Э.Раҳмон сифати таваккул ба Худо карданро дорад

Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон Ваҳдати миллиро ба баррасӣ гирифта, изҳор доштааст, ки дар сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллии тоҷикон чанд омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ доштанд.
Тибқи матлаби таҳиякардаи Баротзода, ки хабаргузории “Ховар” нашр намудааст, аз ҷумлаи омилҳои калидӣ хотима додан ба раванди зуд-зуд ивазшавии роҳбари аввал буд: “Якум, ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид”.
Ба гуфтаи исломшинос дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон “дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд”.
Дувум ба навиштаи Баротзода “бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории давраҳои музокирот аз рӯи адолат, ақлу мантиқ ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ биҳисобад”.
Омили сеюмро директори Маркази исломшиносӣ сифатҳои шахсии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кардааст: “Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки аз байни анбуҳи неруҳои мухолифин низ ақаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд”.
Ӯ афзудааст, ки чорум, суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо ҳам ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат кард: “Дар натиҷа, дастоварди муқаддастарини ин марҳалаи таърихии миллат, яъне Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор шуд, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи ирфонии «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ» дар баландиҳои осмони софу беғубори Ватани аҷдодӣ ошён гузошт. Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест. Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалати соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият бирасад ва чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |