Интиқоди раис аз арақи пастсифат дар ВМКБ: Аз 3 то 5 сомонӣ нарх дорад...
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сифати арақро дар вилоят паст арзёбӣ карда, омори марбут ба истеҳсолу муомилоти машруботро шубҳаовар хондааст.
Ин нукта дар машварати кории назди раиси ВМКБ дар бораи истеҳсолу муомилоти машруботи спиртӣ дар вилоят баррасӣ гардидааст.
Тибқи иттилоияи расмӣ аз ин ҷаласа, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашр кардааст, раиси вилоят изҳори ташвиш намудааст, ки машруботи ғайристандартӣ нисбати дигар минтақаҳо ба Бадахшон бештар ворид мегардад. Ба гуфтаи ӯ соле дар вилоят ба андозаи 11 миллион сомонӣ машруботи спиртӣ истеъмол мешавад: “Ин барои вилояте, ки наздики 200 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, маблағи калон аст. Машруботи спиртӣ ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва ин аз касе пӯшида нест. Имрӯз дар вилоят 300 майзадаи музмин дар қайди расмӣ қарор дорад. Боз майзадаҳои зиёде низ ҳастанд, ки аз қайд берун мондаанд. Тасаввур кунед, он насле, ки аз онҳо ба дунё меояд, чӣ гуна хоҳад буд?”
Раиси вилоят таъкид кардааст, ки дар бозорҳои шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ фурӯши машрубот манъ аст, вале дар шаҳри Хоруғ ва деҳоти алоҳидаи вилоят акси инро мушоҳида мекунем: “Фурӯш бе қарори дахлдору бе литсензия ҳам ҷой дорад, ки аз назари мақомоти назоратӣ берун мондааст. Фурӯши машруботи пастсифату худсохт дар ҳамин нуқтаҳо бештар ба назар мерасад. Онҳо бо нархҳои аз 3 то 5 сомонӣ хеле бозоргиранд, вақте дар Душанбе нархи як шиша арақ аз 10 сомонӣ кам нест. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи истеҳсоли арақ расман вуҷуд надорад. Бо чунин зуҳурот мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа бояд муборизаи беамон баранд”.
Қиличбек Қиличбеков, сардори бахши “Тоҷикстандарт” дар ВМКБ гузориш додааст, ки феълан дар шаҳри Хоруғ 15 нуқтаи махсуси фурӯши машрубот, дар ноҳияҳои Дарвоз 4, Ванҷ 5, Рӯшон 6, Шуғнон 8, Роштқалъа 6, Ишкошим 7 ва Мурғоб 4 нуқтаи фурӯши машруботи дорои иҷозатнома амал мекунанд: “Масъулин дар 4 моҳи соли равон 276 намунаи машрубот ба миқдори 11 ҳазору 604 литрро санҷида, маълум кардаанд, ки аз он 82 намуд дар ҳаҷми 3 ҳазору 561 литр ғайристандартӣ мебошад”.
Шодихон Ҷамшед аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки гузориши сардори раёсати “Тоҷикстандарт”-и ВМКБ ба ҳисоботи мақомоти андоз, гумрук ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят мувофиқ намеоянд: “Ин ҳолат боиси кам шудани бовариву эътибор ба ин гузоришҳо мегардад”.
Раиси ВМКБ масъулинро муваззаф намудааст, ки назоратро дар самти мазкур пурзӯр намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |