Узбакистон: Аввал пули обу барқ, баъд Ҳаҷ
Имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Тошканди Узбакистон Қорӣ Анвар Турсунов аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, қарзи худро аз пули обу барқ ва газ сари вақт пардохт кунанд. Ӯ гуфт, ҳар касе, ки аз ин ҳисоб қарздор аст, наметавонад ба Ҳаҷ биравад.
"Агар шахс ҳатто як сӯм ҳам қарздор бошад, Ҳаҷҷи ӯ қабул намешавад. Мо афродеро, ки аз ҳисоби пули обу барқ ва газ қарздоранд, ба ҳавопаймо роҳ нахоҳем дод", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Турсунов, инсон барои ҳар қатра оби исрофкардааш дар назди Худованд ҷавоб хоҳад дод: "Ҳастанд, нафароне, ки намоз мехонанд, Ҳаҷ мераванд, вале пули барқи истифодакардаи худро намедиҳанд".
Охири моҳи гузашта президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дастур дод, то дар назди Додситонии кулли ин кишвар шӯъбае таъсис дода шавад, ки пардохти қарзҳо аз пули барқу газро назорат кунад.
Маъракаи мақомоти Узбакистон барои ҷамъоварии қарзи хидматрасониҳои коммуналӣ ва мубориза бо "пайвасткунии худсарона" дар ҳоле роҳандозӣ шудааст, ки бино ба гуфтаи онҳо, ин кишвар тайи солҳои ахир бо мушкили норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ аст.
Бар пояи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, қарзи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Узбакистон аз пули газу барқ наздики 1,25 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бештари узбакистониҳо аз набудани барқу газ шикоят доранд. Баъзеи минтақаҳои ин кишвар дар як шабонарӯз чанд соат барқ гирифта, дар баъзеи дигар газ нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |