Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон комиссияи махсуси афвро ташкил дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Комиссияи махсуси назди Президент оид ба масоили афвро таъсис додааст, ки ба таври доимӣ фаъолият хоҳад кард.

Тибқи қарори раисиҷумҳур, ки моҳи равон имзо шудааст, комиссияи афв мақоми машваратиро дошта, масоили марбут ба афвро, ки дар салоҳияти Президент аст, таҳлилу баррасӣ карда, ҷанбаҳои иттилоотию таҳлилии ин бахшро таъмин менамояд. Комиссияи навтаъсис пешниҳодҳои аввалия дар мавриди эълони афвро баррасӣ намуда, мавқеашро ба раисиҷумҳур баён месозад: “Ба раисиҷумҳур дар бораи афв, мушкилоти марбут ба афв, қонунгузорӣ ва ғайра пешниҳодҳо ироа мекунад. Ҳақ дорад, масъулини давлатиро ба ҷаласаҳояш даъват кунад, дархости иттилоъ намояд ва ба сохторҳо супориш диҳад, то масоили алоҳидаи марбут ба афвро санҷанд”.

Ташкили комиссияи махсуси доимамалкунанда дар масоили афв аз сӯи раисиҷумҳур дар ҳолест, ки миёни ҷомеа сарусадо дар мавриди эҳтимоли афви навбатӣ дар соли равон паҳн шудаанд. Феълан мақомот расман дар бораи афв эълоне накардаанд ва маълум нест, ки комиссияи навтаъсис дар бораи эълони афви нав ба Президент чӣ мешаварат медиҳад.
Мӯҳр
Адл аз Душанбе
Бехтарин икдом. Итминон хаст, ки баъди таъсис ёфтани Комиссияи авф кор дар ин самт бехтар мегардад. Бахшидани гунох савоб аст. Аммо бояд дар назар гирифт, ки баъзе аз ашхосон аз беэхтиёти даст ба чиноят задаанд, ва хастанд нафароне, ки ислохнашавандаанд ва такроран боз ба чойхои мачбурии ислохи баргаштаанд. Авф ин чораи умумии тарбияви аст, аз он ба чомеа манфиат зиёд аст. Баъди авф хазорхо нафар ба чомеа, ба назди зану фарзанд бармегарданд,ки ин барои хар як оила, ки ба он нафаре аз махбас баргаштааст, мактаби бузурги тарбия аст. Дар Комиссия бояд поквичдонтарин, бомаърифаттарин кадрхои сохаи хукук, чомеа бошанд, ки дарди чомеаро хуб донанд.

Аз Худо ва аз Пешвои миллатамон умедворем, то чавононеро, ки дар хоричи кишвар бо рохи фиреб аз бесаводиашон истифода бурда акидаашонро дигар кардаанду бо хар гуна хизбхои беруна чалб кардаанд ва баъди бозгашт ба Точикистон бо солхои тулони равонаи зиндон шудаанд тахти омузиш карор хохад дод.

Нияти хуб, вале бо мафкураи хозираи точикхо ин икдом боз ба василаи навбатии коррупсия табдил меёбад.

Ба ин комиссия чун пештара"поквиждонтаринхо,бомарифаттари

Хабархони Озодагон
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)