30 сол ҳукми зиндони се нафар барои фиреби 35 маъюб аз Ҳисору Нуробод
Додгоҳи шаҳри Душанбе се шаҳрванди Тоҷикистонро аз 9 то 11 сол равонаи зиндон кардааст.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, онҳо бар пояи моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шудаанд. Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми додгоҳ, Соҳибназарова С.М. ба муҳлати 11 сол, Носиров М.У. ба муҳлати 10 сол ва Мудинов Б.Н. ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.
“Мақомоти тафтишоти пешакӣ Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н.-ро барои он айбдор донистааст, ки онҳо аз моҳи июни соли 2016 то январи соли 2017 ба боварии 35 маъюб, сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Нуробод даромада, аз номбурдагон ҷамъ ба маблағи 196.692 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба онҳо дар шаҳри Душанбе манзили истикоматӣ медиҳанд. Онҳо маблағи ҷамъовардаашонро ба манфиати шахсиашон истифода намуда, то инҷониб зарари ба маъюбон расонидаашонро барқарор накардаанд”,-хабар медищад дафтари матбуоти Додситонии кулл.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |