Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Маҷористон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон аз сатҳи робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти Президент менависад, ҳарду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд: “Ҷонибҳо хостгори тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг гардида, дар оянда таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумориданд”.
Ба иттилои манбаъ, ба нақш ва пешоҳангии Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода шуд ва таҳкими робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Маҷористон дар доираи узвияти ҳар ду давлат дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид: “Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |