Садамаҳои рӯзҳои ид 5 кушта ва 6 захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи панҷ садамаи нақлиётии рӯзҳои истироҳати гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 5 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодисаҳо рӯзҳои 26 ва 27 июн ба вуқӯъ пайвастаанд. Ба иттилои манбаъ, соати 18:00-и 26 июн сокини 23-солаи ноҳияи Носири Хусрав ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 7-сола, сокини деҳаи Комсомолро пахш намудааст: “Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ҳамон рӯз, ронандаи 33-солаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти пойтахт, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, духтарчаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Садриддин Айниро пахш намудааст. Пиёдагарди ноболиғ аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
26 июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, онро ба канори рости роҳ чаппа кардааст: “Дар натиҷа мусофири дохили автомашина ҷавони 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои манбаъ, 27 июн ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст: “Ҳангоми рух додани чунин бархурд, худи ронанда ва мусофири автомашинаи зикргардида ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дигари он ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
27 июн, тахминан соати 16:20 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар километри 117-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” дар ҳудуди деҳаи “Пете”-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Лексус”, таҳти идораи марди 31-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бархӯрдааст. Ба иттилои ВКД, дар натиҷа ронандаи автомашаи тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофирони он, зани 62-сола, ду нафар духтарчаи 12-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуда, мусофири дигари ин автомашина марди 66-солаи сокини шаҳри Истаравшан, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |