Ҳукми ду зодаи Тоҷикистон барои “нигоҳдории маводи мунфаҷира” дар Русия
Додгоҳе дар Ставрополи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 12,5 сол равонаи зиндон кардааст. Бино ба иттилои додситонӣ, онҳо дар нигоҳ доштани маводи тарканда ва силоҳу аслиҳа муҷрим шинохта шудаанд.
Дар иттилоияи додситонӣ омадааст, “додгоҳ муайян намуд, ки ин ду нафар, ки яке 27 ва дигарӣ 33 сол доранд, давоми се сол дар манзили худ силоҳ ва маводи мунфаҷира нигоҳ доштаанд”.
Гуфта мешавад, маводи таркандаро кормандони Хадамоти федеролии амниятӣ ё ФСБ мусодира кардаанд. Бо ҳукми додгоҳ яке аз ин зодаҳои Тоҷикистон 5,5 ва дигарӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд: “Ҳамчунин онҳо ба маблағи 270 ҳазор рубл ҷарима шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |