Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 23-юми июн дар маҳаллаи Гипрозем дар бинои панҷошёнаи навбунёд ба 20 хизматчии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зист супоридааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ бинои навбунёд бо харҷи 6 миллиону 280 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои тамоми шароитҳои зист мебошад.
Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доша, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад корҳои зиёде амалӣ шудааст.
Инчунин Рустами Эмомалӣ роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, расман ифтитоҳ намуд: “Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар азнавсозии ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расондаанд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки инчунин дар хиёбони Ҷ.Расулов, роҳи таҷдидшуда аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев ба масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Рустами Эмомалӣ таъкид намудааст, тамоми имконияту захираҳоро сафарбар мекунад, то ҳамаи роҳҳои пойтахт ба сатҳи талаботи байналмилалӣ расонда шаванд.
Ӯ инчунин роҳи мошингарди кӯчаҳои Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ – директори ширкати "Элит-Строй-Сервис" Изатулло Давлатов навсозӣ шуд, мавриди истифода қарор додааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |